АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,
РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

АГЕНТИИ АМНИЯТИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ,

РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

МАҚОМИ ТАНЗИМГАРИ ДАВЛАТӢ

«Технологияи коркарди маъданҳои урандор»: таҳти ин унвон дар Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ семинари илмӣ-амалӣ доир гардид

04.09.2024

4-уми сентябри соли равон дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ таҳти роҳбарии академики АМИТ Улмас Мирсаидов семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Технологияи коркарди маъданҳои урандор» баргузор гардид. 

 


Дар оғози семинар академик Улмас Мирсаидов ҳозиринро бахшида ба рӯзи китоб, ки ҳамасола 4 сентябр дар кишвар таҷлил мегардад, табрик намуда,  иштирокчиёнро ба китобхонӣ ва тарғибу ташвиқи китоб ва дасовардҳои илмӣ даъват намуданд. Дар идома, академик Улмас Мирсаидов аз нақши китоб дар рушди илму маърифат ёдовар шуда, афзуд, ки китоб сарчашмаи илму дониш буда, моро ба ҷаҳону олами ҳастӣ  ошно месозад. Дар баробари ин,  аз олимону ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ машғул шуда, онҳоро аз худ намоянд.  

 


Сипас дар рафти семинар докторантони PhD-и Агентӣ – Насруллоев Асомуддин ва Раҳматов Самандар дар мавзӯи таркиби химиявӣ ва минералии маъдани урандори кони «Помири шарқӣ» ва ишқоронии ин маъдан бо тарзи карбонатӣ баромад намуда, мавзуи мазкурро дар назди ҳозирин шарҳ доданд. Дар рафти баромад қайд карда шуд, ки аз сабаби дар таркиби маъдан миқдори карбонатҳо зиёд мебошанд, ишқоронӣ бо кислотаи сулфат дуруст намеояд ва барои ишқоронии он карбонати натрий истифода мегардад. 

 


Зимни баргузории семинари илмӣ иштирокчиён оид ба усулҳои гуногуни коркарди маъданҳои урандор суханронӣ намуда, муҳимияти интихоби технологияи коркард вобаста ба таркиби минералӣ ва химиявии маъданро таъкид намуданд.